Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Хуросон ва Ҳиндустон ҳиҷрат кунанд, мисли Маҳзун, Матлаб ва дигарон.

Дар ибтидои асри XX бо дигар шудани вазъи сиёсӣ пас аз истилои Осиёи Миёна, аз ҷумла Самарқанд, аз тарафи Русияи подшоҳӣ, пайдо шудани матбааи литографӣ, нашри рӯзнома ва маҷллаҳои «Оина» ва «Зарафшон» ҳаёти адабӣ дар Самарқанд аз нав ҷон мегирад. Ба майдони адабиёт қадам ниҳодани шоироне, монандӣ Туграли Аҳрорӣ, Мирзо Ҳолӣ, Васлӣ ва ғ. гувоҳ бар он мебошанд. Вақте ки дар солҳои 20-30 асри ХХ шаҳри Самарқанд пойтахти Ҷумҳурии сосиёлистии Ӯзбекистон, ки дар ҳайати он Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон шомил буд, қарор гирифт, он аз нав ба маркази асосии адабию фарҳангии тоҷикӣ табдил ёфт. Нашри нахустин рӯзномаи «Овози тоҷик», нахустин маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб», нахустин мактаби нави тоҷикӣ (мактаби Абдулқодири Шакурии Самарқандӣ), нахустин нашриёти давлатии тоҷик дар Самарқанд шаҳодат бар он аст. Бо сарварии устод Айнӣ доираи адабие ташкил гардид, ки намояндагони он баъдан дар пешрафти адабиёти шӯравии тоҷик саҳми босазое гирифтанд, мисли Абдусалом Деҳотӣ, Абдушукур Пиромуҳаммадзода, Рашид Абдулло, Ғанӣ Абдулло, Ҳабиб Юсуфӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳ.Мирзозода, Самад Ғанӣ, Ҳасан Ирфон, Обид Исматӣ ва дигарон. Аксарияти кулли онҳо пас аз бунёди Ҷумҳурии сосиёлистии Тоҷикистон дар соли 1929 ба пойтахти он шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) омадаанд ва дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод карданд.

Тавре ки мебинем, нақши Самарқанд дар рушди адабиёти форсии тоҷикӣ вобаста ба мақоми сиёсӣ ва адабии он ва тағйири авзои сиёсию ҷамъиятӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ густурда ва ё маҳдуд шудааст, вале ҳеҷ гоҳ ба дараҷаи нестӣ нарасидааст.

пешина
аз 315
навбатӣ