Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
будам, ки устод бо як салоҳияти том, бо гироии фикрии ба худаш хос дар як лаҳза аз мавзӯъ ва проблемаҳои корҳои илмӣ то роҳи ҳалли онҳоро ба тадқиқотчиёне, ки барои машварат ба ӯ муроҷиат менамуданд, муайян карда медод. Аз ин ҷиҳат Р. Ҳодизода ғайр аз шогирдони зиёде, ки бевосита тарбия карда ба воя расонидааст, ба бисёр мутахассисони соҳаи таърихи адабиёти тоҷик ҳаққи устодӣ дорад.
ЯК соҳаи муҳими фаъолияти гуногунпаҳлӯи Р.
Ҳодизода, ки пайваста ба омӯзишу тадқиқи адабиёти мумтоз давом карда меояд, ба нашр ҳозир кардан ва манзури доираи васеи хонандагон гардонидани осори ин адабиёт мебошад. Олим дар ин ришта низ корҳои зиёдеро ба анҷом расонда, барои дар дастраси мухлисону алоқамандони ин адабиёт ва умуман оммаи хонандагон қарор додани асарҳои барҷастаи он хизматҳои калон кардааст. Ӯ ба ин кор аз аввалҳои фаъолияти илмию адабии худ машғул шуда омад. Ҳанӯз дар соли 1957 дар овоне, ки ба омӯзиши адабиёти нимаи дуюми асри XIX шурӯъ карда буд, «Мунтахаби асарҳои А. Дониш»-ро таҳия карда, ба чоп расонд.
Ин аввалин нашри осори илмию адабии маорифпарвари бузург дар замони мо ва ба ҳурӯфи имрӯза буд. Доираи васеи хонандагон ба воситаи ҳамин мунтахаб нахустин бор асарҳои нависандаи мутафаккирро мутолиа намуда, бо ғояву афкори ӯ бевосита шинос гардида буданд.
Қори ба нашр ҳозир кардани осори адибони
гузашта аз тарафи Р. Ҳодизода дар солҳои минбаъда авҷ
гирифт. Донишманди адабиёти мумтоз дар вақтҳои
гуногун осори як қатор шоиронеро ба табъ расонд, ки
пеш аз он ба оммаи хонандагони тоҷик дастрас нагардида
буданд. Аз ҳамин ҷумлаанд «Ҳикоятҳои «Маснавӣ»-и
Ҷалолиддини Румӣ, «Ашъори мунтахаб»-и Ҳайрат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё