Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Алломаи аср

Он кист, ки ба мо Худо бидода,
Як муршиди илму пири ҷода?
Сардафтари илми нақди мозӣ,
Алломаи аср Ҳоизода.

Душанбе, 26.11.2021

Иброҳимҷон ДӮСТАЛИЗОДА

РОДМАРДЕ БО ФАРИ ОЗОДАГӢ

(Чакидаҳое ба бузургдошти олими забардасти тоҷик
устод Ҳоизода)

Олими озода аз мо пок рафт,
Хоксоре буд худ бар хок рафт.
Рост омад, рост гуфту рост рафт,
Рӯҳи покаш пок бар афлок рафт.
Аз табори Ҳодӣ буду ҳодӣ рафт,
Раҳ ба мо бинмуду худ бо шодӣ рафт.
“Эй Худо, худро шиносам” гуфт зист,
Родмарде бо фари озодӣ рафт.

Аз Самарқанди куҳан хуршедвор,
Омадӣ, овардӣ бо худ сад баҳор,
Сабз кардӣ боғи илми тоҷикон,
Номи некат зинда, эй марди баор.

1.12.2021

пешина
аз 315