Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ашъори Аҳсан сухан гоҳе аз панду насиҳат, тараннуми тавозӯъ, гоҳи дигар инсондӯстӣ ва дигар масоили муҳими ахлоқӣ меравад. Масалан:
Пардаҳои чашм баҳри айбпӯшӣ додаанд,
Кӯр бодо дидаи, к-ӯ айбро зоҳир кунад (5, 380).
Ва ё:
Нест ҷуз ҷинси хиҷолат гар кушоӣ бори мо,
Вой гар пурсанд рӯзи ҳашр аз кирдори мо.
Ончӣ мо бо боғбон аз чидани гул кардаем,
Рӯзи маҳшар гул кунад аз гӯшаи дастори мо (5, 381).

Тақрибан ҳашт нусхаи «Куллиёт» ва «Девон»-и Зафархони Аҳсан дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфуз мебошад. Аз ҷумла, ду нусхаи «Куллиёт»-и Зафархон то ба имрӯз омада расидааст, ки яке ба хати худаш соли 1053/1643 истинсох шуда, дар Китобхонаи Бонкипури Патна нигаҳдорӣ мешавад. Нусхаи мазкур ду дебоча, «Соқинома», ғазалиёт, рубоиёт (15 адад), маснавиҳои «Ҷилваи ноз» ва «Майхонаи роз» ва тарҷеъбандро фарогир мебошад (30, 329-330; 13, 71-72).

Нусхаи дигари Куллиёти Аҳсан дар Китобхонаи Донишгоҳи Алигарҳ мавҷуд аст (13, 72).

Чанд нусхаи Девони Зафархон иборат аз ғазалиёт, қасоид, рубоиёт ва маснавиҳо дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфуз мебошанд. Аз ҷумла, дар Китобхонаи Анҷумани Осиёии Бангол (28, 780; 29, 51), Индия Офис (25, 1601), Музеи Британияи Кабир (31, 687-88), Бодлиан (26, 379), Бонкипури Патна (30, 329-330; 29, 51), Аудҳ (32, 325), Мадрас (24, 152-154; 29, 51) ва ғ. Нусхае аз маснавии «Ҳафт манзил» дар Китобхонаи миллии Париж нигаҳдорӣ мешавад (3, 100).

Ҳамин тариқ, Зафархони Аҳсан дар баробари нақши муассир гузоштан барои рушди муҳити илмиву фарҳангии аҳди хеш ба ҳайси мураббӣ, ҳомӣ ва қадршиноси шеъру адаби форсӣ, ба масобаи суханвари мумтоз низ эътироф гардидааст, ки бо маҳсули эҷодиаш дар адабиёти форсизабони Ҳиндустон мақоми шоиста дорад. Пайванд ва дилбастагӣ ба шеъру шоирӣ ва бозтоби ҳунари нигорандагияш ба таваҷҷуҳи амиқ ба ривоҷи адабиёт дар муҳити сиёсӣ ё дарбор ишорат мекунад ва баробар ба ин ҳунари шоирии ин арбоби сиёсиро ба субут мерасонад.

пешина
аз 315
навбатӣ