Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Маснавӣ номи гулҳову раёҳин, меваҷоту набобот, ҳайвоноти Ҳиндустон зиёд истифода шудааст.

«Ҳафт манзил»-и Зафархони Аҳсан (700 байт) бо вуҷӯҳоти хоси ҳунармандона суруда шуда, дар он табиати диёри хушманзари Кашмир бо таровату зебоиаш ҷилванамоӣ мекунад. Аз он ҷост:
Илоҳо, то бувад Кашмир обод,
Зи гулзори Хуросонам мадеҳ ёд.
Ба ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, бесухан деҳ,
Маро Кашмиру булбулро чаман деҳ (13, 69).

Маснавии «Майхонаи роз» (503 байт), ки бо муқаддимаи мансур оғоз мегардад, дар васфи май ва нашъаи бодаи ноб аст.

Ба қалами Зафархон «Соқинома» низ мансуб аст, ки ба тариқи тарҷеъбанд навишта шуда, аз 7 банд (55 байт) иборат аст. Зафархон дар «Соқинома»-аш талаби шаробу васфи мутрибу соқиву муғанниву ҷом кардааст. Муаллифи «Майхона» Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ онро дар силсилаи соқиномаҳои ҳунармандона ном мебарад (17, 79).

Зафархон ҳамчунин маҷмӯаи ашъори шурои муосири худро ба хатти худи суханварон ҷамъоварӣ намуда буд, ки пушти саҳфа тасвири соҳиби он ашъор замима шуда буд. Муаллифи «Каламот-уш-шуаро» Муҳаммадафзали Сархуш дар бораи ин маҷмӯа чунин хабар додааст: «Тазкираи ашъори суханварони номдор, ки бо вай (Зафархон – З.Ғ.) рабти ошноӣ доштанд, мисли Соиб ва Қудсӣ ва Калим ва Салим ва Дониш ва Мир Ҳайдар ва ҳарду Солик (Солики Яздӣ ва Солики Қазвинӣ – З.Ғ.) ва ғайра ҳам, ки дар он замон кӯси хушхайлӣ менавохтанд, интихоби ҳар кадом ба хати ӯ нависонида, ба пушти сарварақ сурати он маънисанҷ низ тартиб карда буд» (14, 5).

пешина
аз 315
навбатӣ