Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, ин мушоираҳое, ки Зафархони Аҳсан дар Кашмир тартиб медод, муҷиби ташвиқи шуаро, такони авзои адабию фарҳангии ин сарзамин гардид. Ба қавли Забеҳуллоҳи Сафо “даргоҳи Зафархони Аҳсан монандӣ дастгоҳи аморати Мирзо Абдурраҳими Хониҳонон маҳалли иҷтимои шоирони устод буд ва бавежа Кашмир дар давраи субадории ӯ аз ҷумлаи марказҳои муҳими адаби форсӣ гардид” (15, 383).

Натиҷаи ҳамингуна таваҷҷуҳи беандозаи Зафархони Аҳсан ба адабиёт буд, ки муҳаббати вай дар дили шуаро сахт ҷо гирифта, дар байни эшон эътибори хоса ва эҳтироми беандоза пайдо намуд. Ба ҳамин ваҷҳ аст, ки дар боби аз Кашмир рафтани Зафархони Аҳсан Калими Кошонӣ изҳори таассуф хӯрда навиштааст:
Шикваи дарди туро кай пеши дармон мекунем,
Ташна мемирему шукри оби ҳайвон мекунем.
Бе ту торик аст Кашмир, эй чароғи дидаҳо,
Мо сияхрӯзем, дар шаб сайри бӯстон мекунем.
Гул агар то сина дар Кашмир меояд, чӣ суд,
Мо, ки гул аз ашки хунин дар гиребон мекунем.
Дар камини айш азбас дидаи бад дидаем,
Бодаро аз чашми соғар низ пинҳон мекунем.
Аз Зафархон буд ин ҷамъияту тарҳи ғазал,
Бо кӣ дигар зулфи маъниро парешон мекунем.
Моҷарои дида мегӯем пеши сели ашк,
Аблаҳӣ бин! Шикваи киштӣ ба тӯфон мекунем.
То ту рафтӣ, дил ба фикри хештан афтодааст,
Сар чу мебозем, онғаҳ фикри сомон мекунем.
Бодаи Кашмир аз базими ту соҳибнашъа буд,
Бе ту мо хотирнишони майпарастон мекунем.
Доғ мемонад Калим аз лолазор, аз даст рафт,
Ҳарчӣ душвор аст, мо бар хеш осон мекунем (13, 63).

Дар баробари бо бузургдошти донишу донишварон ва фазилатпешагии худ шуҳрат пайдо намуданаш

пешина
аз 315
навбатӣ