Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Муҳаммад б. Аҳмад б. Мансур Хайёт ва Абу Муҳаммад б. Масъуд Айёшӣ-ро пайдо кардем, ки охирин дар мавзӯҳои гуногуни фиқҳ ва шариат 208 китобу рисола дорад, ки баъдтар дар бораи онҳо хоҳем истод. Ҳамчунин номи Алоуддин Абу Бакри Самарқандӣ (1145/540) муосири Наҷмидини Насафӣ муаллифи «ал-Ақоид» дар таҳқиқоти Ҳарри Аустрин Волфсон муаллифи «Фалсафаи калом» сабт шудааст. Албатта мо набояд ҳамчунин номи яке аз маъруфтарин маорифпарвар ва олими иломии Самарқанд Беҳбудиро фаромӯш кунем.
Чанд сухане дар бораи осор ва нақши ин мутакаллимони самарқандӣ дар фалсафаи калом.
Барҷастатарин мутакаллими мазҳаби ҳанафӣ, асосгузори яке аз се шоха ё равияи каломӣ бо номи мотридия дар баробари муътазила ва ашъария Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Мотридӣ мебошад. Дар бораи соли таваллуди Мотридӣ аз муҳаққиқон Мӯсо Диноршоев баҳсе оғоз кардаанд. Эшон соли таваллуди ӯро на 870 балки 853 мелодӣ (238 ҳ) мешуморанд, чунки устоди аввалини Мотридӣ Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ дар соли 248/862 вафот карда, аз ин рӯ таваллуди Мотридӣ дар соли 870 бо ин воқеият дуруст намеояд. Дар ин асос Диноршоев ақида доранд, ки Мотридӣ «хеле пеш аз Ашъарӣ (260/870 ё 270/883) ба созмон додани каломи аҳли суннат оғоз кардааст.
Осори Мотридӣ мувофиқи он номгӯе, ки Мӯсо Диноршоев дар мақолаашон овардаанд иборат аст аз:
1 - Китобу таъвилоти-л-Қуръон.
2 - Китоби маохиз-аш-шариъа.
3 - Китоб-ул-ҷадал.
4 - Китоб-ат-тавҳид.
5 - Китоб-ул-усул.
6 - Китоб-ул-мақолот.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо