Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Инро дӯст ва ҳамкасбашон олими намоёни Гурчистон Тодуа Магалӣ дар яке аз мактубҳояш ба тариқи миннатдорӣ чунин изҳор намудааст:
“Дорогой Расул! Получил текст. Большое тебе спасибо, друг. Ти просто виручил меня,-теперь его можно опубликовать. Я его внесу в четвертую книгу моих “Этюдов”...
Запомни, у тебя самие драгоценние качества: талант, серьёзность, аккуратность, усердчивость и доброжелательность. Это я серьёзно. Ти вичитал очень и очень темние места в прямом и переносном смисле и прочёл даже опечатки.”....
Пиши. Спасибо. Приезжайте к нам. Твой Магали.
17/VII-1991
“Расули азиз! Матнро дарёфтам. Ташаккури зиёд, дӯстам. Ту мушкилотамро осон кардӣ,-акнун метавонам онро мунташир кунам. Ман инро дар китоби чоруми “Мутолиот”-ҳоям медарорам...
Дар ёд дошта бош, дар ту хислатҳои хеле гаронбаҳо нуҳуфтаанд: боистеъдод, ҷиддӣ, бодиққат, пурталош ва хайрхоҳ ҳастӣ. Ман инро ҷиддӣ мегӯям.
Ту нукоти хеле ҳам торики зоҳирӣ ва ботиниро дида тавонистӣ ва ҳатто ба иштибоҳоти чопӣ таваҷҷӯҳ намудӣ...”
Бинавис, ташаккур, назди мо биёед.
Магалии ту 17/VII-1991 с.
Ба ғайр аз муҳаббат, мегуфтанд, олиҳимматӣ ба мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ воситаи муҳим аст ва инро дар кору кирдору рафтори худи он кас пай бурдан мумкин буд, ки рӯз то рӯз пеши назар аён мегардид ва ба ҳар яке мо дарси ибрат шуда метавонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо