Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Чун ҳарвақта дари хонаи ҳамсарамро кушодаму хостам бо он кас рози дил намоям, вале курсии нишаст холӣ, коғазу китобҳо дар рӯи мизи корӣ, гӯё интизори соҳибашон бошанд.
Ман беихтиёр ба тарафи ҷевони китобҳое, ки ба қалами ҳамсарам тааллуқ доштанд, рафтам ва китоби ба дастам афтодаро аз раф гирифтам, то ки надидан ва набудани он касро дар дилам фурӯ нишонам. Он “Арафа”-и И.С. Тургенев буд. Варақи аввали китобро кушодаму хондам, онҷо бо хатти маҳини ба он кас хос чунин навишта шуда буд: “Ба он касе, ки меҳри ӯ ҳангоми тарҷумаи ин достони муҳаббат, садоқат ва иродат ба ман қувваи рӯҳӣ мебахшид ва танҳо аз ин аст, ки ин сухани баландмазмуни муаллиф дар забони тоҷикии мо маҳфуз мондааст.”
Расул, 30/VIII-55с, Сталинобод
Қариб 60 сол шудааст, ки ин суханҳо навишта шудаанд ва ҳоло ҳамаи он рӯзҳо, рӯзҳои ҷавонии пурошӯби ширин аз пеши назарам як-як мегузаранд.
Ҳамоно дар хотир омад, ки 15 марти соли 1953 Расулхон назди ман ба Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Маскав омада буданд, ки соли аввали таҳсилам ба ҳисоб мерафт. Ҳамон сол хобгоҳи мо дар як маҳалли дурдасти шаҳр ҷойгир шуда буд, чунки бинои нави Донишгоҳ дар “Ленинские гори” ҳанӯз тайёр нашуда буд ва донишҷӯёни нав қабулшудаи фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқро муваққатан онҷо ҷой дода буданд. Мо 11 нафар духтар аз ҳар канори мамлакати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо