Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Р. Ҳодизода оид ба дифои рисолаи илмии Т. Зеҳнӣ сухан ба миён оварда, солу моҳу рӯзи онро зикр карда, мушовири дуюм буданашро дар Шӯрои дифоъ хабар медиҳад: «Т. Зеҳнӣ соли 1965, 6 моҳи май, соати чори рӯз (инро махсус дар ҷое сабт кардаам) дар Шӯрои илмии махсуси Донишгоҳи Душанбе барои гирифтани дараҷаи илмии номзади илми филология маърӯза кард. Ман оппоненти дуюм будам. Пирмарди қариб ҳафтодсола бо ғайрати ҷавонона дар маҷлис суханронии хуб кард». [29, с. 26].

Р. Ҳодизода гуфтааст, ки Т. Зеҳнӣ пас аз дарёфти дараҷаи номзадӣ бо ғайрату қувваи нав корро оғоз намуд ва шоирону нависандагони навкаламро дастгирӣ мекард. Ба онҳо аз сабку услуби забон, вазну қофия, луғату иборот, шеъру адаби классикон маълумоту дониши хуб медод. Бо ин вуҷуд, маънавияти ҷавононро рушд дода, аз гузаштаи пурарзиши маданияти тоҷик ёдовар мешуд: «Баъд аз дарёфти дараҷаи номзадӣ Зеҳнӣ гӯё аз нав ҷавон шуд ва бо ғайрату қуввати ҳайратангез кор мекард. Вай мушовири беминнати олимони ҷавон ва шоиру нависандагони навкалам буд. Аз сабку услуби забон, аз вазну қофия, аз луғату иборот, аз шеъру адаби классикон ба ҷавонон маълумоту дониши хуб медод». [29, с. 27].

Воқеан, Т. Зеҳнӣ олими суботкору сермаҳсул буд. Махсусан хидматҳои ӯ дар соҳаи дастрас гардонидани намунаҳои адабии классикӣ ва муосир назаррас мебошанд.

Т. Зеҳнӣ яке аз охирин намояндагони ҳаракати маорифпарварӣ ва насли пурталоши ҷадидон дар ҳавзаи илму адаби тоҷик мебошад. Бинобар ин, маънавияти ҷавононро рушд медод ва аз гузаштаи пурарзиши маданияту маърифати тоҷик ёдовар мешуд. Бо ин кор дар қатори дигар адибон мактаби адабии С. Айниро ривоҷ

пешина
аз 315
навбатӣ