Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
муддате ин ҷо монда кор кардан бартарӣ дорад. Дар бораи адабиёти асри XIX бошад, мумкин аст ба командировка рафта материал ҷамъ кард ва кори худро давом дод. Барои аз кори институт дур шудан аз рӯи плони кори онҳо дар болои ягон мавзӯъ кор кардан мумкин аст. Худи ҳамон кас инчунин маслиҳат дод, ки дар ин хусус ба номи шумо ва Фозилов мактуб нависам...
Фикри шахсии ман ин аст, ки муддате ин ҷо монда кор кунам ва агар имконият бошад аз институт аз адабиёти советӣ ва адабиёти асри XIX мавзӯе гирифта кор кунам. Расмияти ин корҳо ба ихтиёри институт аст...
Агар ин ҷо мондагӣ шавам моҳи апрел ба Самарқанд ва Сталинобод рафта меоям.
Дигар боз маслиҳат ва машварати шумо метавонад ба ҳалли масъала мадад расонад. Аз ин сабаб боиси ташвиш шудам.
Боқӣ садоқат ва иродат, саломатӣ ва муваффақияти корҳоятонро орзумандам.
Бо камоли эҳтиром Ҳодизода Расул
21/II-54, Москва /имзо
Ҳодизода»10
Дар ҷавоби нома, баъд аз як ҳафта устод Айнӣ чунин ҷавоб менависад, ки онро мухтасар ин ҷо меорам:
«Ба рафиқ Расул Ҳодизода! Мактуби 21 феврал навиштаатон 27 моҳи мазкур расид (дар зимистон пӯчтаи ҳавоӣ аз пӯчтаи муқаррарӣ дер мемонад).
Ман дар бораи пурсиши шумо сатрҳои зеринро менависам.
Ҳар кас, ки дар як замони маълум ва вақти муайян барои таҳсили илм дар Москва истода бошад ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ