Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Расул Ҳодизода барои маслиҳат ва ризояти устод Садриддин Айнӣ 21-уми феврал номаи зеринро менависад:
“Устоди муҳтарам!
Ба таҳрики баъзе фикру мулоҳизаҳо бо коғази худ сабаби ташвиши шумо мешавам. ... Таҳсили зиёда аз яксола дар Москва танҳо аз он ҷиҳат барои ман манфиатбахш буд, ки заифӣ ва номукаммалии дониши худро то андозае пай бурдам. Ин на хоксории риёкорона, балки эътирофи самимиву ҳаққонӣ аст. Аз ин сабаб баъзан пушаймон мешудам, ки аз аввали таҳсил ин ҷо меомадам ва ҳамеша орзу доштам, ки имконияте пайдо карда боз муддате ин ҷо монам ва фориғ аз кори диссертатсия, ки хеле вақтро банд менамуд, ба мутолиа ва омӯзиш пардозам.
Дар охири январ маро ба Союзи нависандагон даъват намуда, таклиф намуданд, ки ба сифати консултант дар ин ҷо ба кор монам. Аз рӯи гуфти онҳо ин кор чандон вақтро банд намекунад ва ман метавонам бо корҳои дигари шахсии худ низ машғул шавам. Таъкид намуданд, ки дар сурати маъқул наёмадани кор ба ман ё ман ба онҳо ҳар вақт метавонанд ҷавобам диҳанд. Ман ба онҳо ҷавоби муайяне надода, ваъда намудам, ки дар ин хусус фикр бояд кард, пас қарори худро мегӯям. Худам ҳарчанд аз як тараф ба ин кор розӣ будам, вале баъзе фикру андешаҳо аз қарори қатъӣ боз медоштанд. Пеш аз ҳама дар он фикр будам, ки дар сурати ин ҷо мондан наметавонам бо адабиёти асри XIX, ки ба туфайли диссертатсия ба он то андозае шинос шудам, машғул шавам... Дар ин мобайн рафиқ Брогинский аз Тошканд омад ва ӯро аз сурати воқеа хабардор кардам. Он кас ин таклифро писандид ва маслиҳат дод, ки барои ҳосил намудани малака оид ба адабиёти советии тоҷик, омӯхтани забони русӣ ва баъзе масъалаҳои назарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ