Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
зиндагӣ кардаву фаъолиятҳои адабӣ доштааст, медиҳад. Нуктае, ки дар ин китоб хеле ҷолиб аст, таъкиди муаллиф бар ҳувият, забон ва фарҳанги тоҷикист, ки дар тамоми бахшҳои китоб барҷаставу намоён аст. Ба хусус барномаҳои адабию фарҳангии марбут ба забон, мусиқӣ, шеър ва театр, ки аз сӯи муаллиф дар радиои Тошканд пахш мешудааст. Ҳодизода дар ҳақиқат ҳамчун ҳалқаи иртиботи фарҳангӣ байнифарҳангиён, шоирому нависандагони кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон ва Русия будааст. Китоби хотироти ӯ низ ҳамчун шахсияти барҷастааш метавонад ин ҳалқаи адабӣ ва пули фарҳангиро дар ҳавзаи фарҳангии ин кишварҳо ҳифз кунад.
Умед аст, ҷараёнеро, ки пешкисватони мо ҳамчун Садриддин Айнӣ, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Расул Ҳодизода ва дигарон дар ёддоштнигорию хотиранигорӣ ба сабки имрӯзин поягузорӣ кардаанд донишмандон ва бузургони тоҷик низ бо таълифи ёддоштҳову хотироти худ идома диҳанд, то ояндагон бо таҷриба, андешаву афкор ва ҷаҳонбинии онҳо ошно шуда ва аз осори онҳо арзишҳои фарҳангию таърихиро биёмӯзанд.
Гулбаҳор УСМОНОВА
ФОЗИЛИ ПОКИЗАНИҲОДУ ДАРЁДИЛ
Ҳар инсон аз худ меросе, хотирае ё нақше дар рӯзгор боқӣ мемонад. Аз устод Расул Ҳодизода барои аҳли илму адаб китобҳои зиёд ва хотираи неке мондааст. Хотирае, ки ҳангоми ба ёд оварданаш ифтихорманд мешавӣ, ки бо ин гуна инсонҳои донишманду наҷиб шиносоӣ ё ҳамкорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё