Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буданд, маро ба шогирдӣ пазируфтанд. Суҳбати нахустинамон бо устод дар мавриди мавзӯи рисолаи илмӣ ҳеҷ аз ёдам намеравад. Эшон аз ман суол карданд:
— Дар кадом мавзӯъ тадқиқот бурданӣ ҳастед?
— Дар донишгоҳ устодам Шарифҷон Ҳусейнзода буданд, бо роҳнамоии он кас рисолаи дипломӣ навиштам. Бинобар ин ба омӯзиши адабиёти классикӣ, махсусан, адабиёти асрҳои X-XV завқ дорам..., — посух додам ман.
— Ба эҷодиёти Анварии Абевардӣ чӣ назар доред? — пурсиданд устод.
— Анварӣ шоири маддоҳу қасидасаро... — гуфта, ба танқиди шоир, тавре сиёсати замон такозо дошт, шурӯъ кардам. Зеро то он давра касе ба эҷодиёти Анварӣ таваҷҷуҳ накарда буд ва Анварӣ барин шоири қасидасаро мухолифи идеологияи замон маҳсуб мешуданд. Анвариро ҳатто устод Садриддин Айнӣ ба “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ворид накарда ва мураттибони китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (1945) низ лозим надонистанд, ки дар бораи Анварии Абевардӣ маълумоте диҳанд.

Устод Расул Ҳодизода бо тавозӯъ фикрҳои маро гӯш карда, дар мавриди Анварии Абевардӣ ва лирикаи ӯ суханҳое гуфтанд, ки ҳайрон мондам, фикрам дар бораи шоир ба таври куллӣ тағйир ёфт.
Бо ҳамин устод суҳбатро дар бораи Анварӣ қатъ карда ба ман супориш доданд, ки ба омӯзиши “Мунтахаб-ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон (поёни таълиф 1843) машғул шавам ва хулосаҳои худро аз ин китоб муфассал нависам. Тайи шаш моҳ ба омӯзиши ин китоб машғул шуда, мақолаи калон навишта ба устод додам. Маълум шуд, ки он кас ба ин васила қобилияти маро санҷиданӣ шудаанд. Пас аз чунин имтиҳон гузаштан мавзӯи

пешина
аз 315
навбатӣ