Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдурашид САМАДОВ

УСТОДИ МАН

Дар сарнавишти ҳар инсон нафаре нақши калидӣ мегузорад ва шахс дар пайравӣ ба ӯ ба камол мерасад. Дар ҳаёти олимон, аксаран роҳбарони илмӣ — устодонашон муассиранд. Ҳамин тавр, дар рӯзгори ман низ нақши устодам Расул Ҳодизода, ки дар ин нигошта, аз эшон ёдовари хоҳам кард, барозанда аст.
1.

Дар бораи Расул Ҳодизода барин шахсият навиштан душвор аст. Ӯ аз ҷумлаи маъруфтарин пажӯҳишгарони таърихи адабиёт аст, ки ҳамзамон даст ба эҷоди асарҳои бадеӣ ва тарҷумаиҳолӣ задаву муваффақ ҳам шудааст. Яке аз сермаҳсултарин олимони тоҷик аст. Таҳқиқоти зиёду пурарзишаш бидуни шак сарвати илмии миллат аст. Бинобар ин, тасвири зиндагии устод ва арзишдоварӣ кардан ба осори мондагори ӯ дар қолаби як мақола имконнопазир аст. Аз ин сабаб, дар оғози мақола муҳимтарин нуктаҳои ҳаёт ва эҷодиёти ӯро хотирнишон мекунам ва сипас ёддоштҳо ва бардоштҳоямро менависам.

Адабиётшинос ва нависандаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1970), профессор (1984) Расул Ҳодизода 6 марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1950) ва аспирантураи АФ Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1954) муддате дар Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи мушовирии адабиёти тоҷикро ба ҷо овард.

пешина
аз 315
навбатӣ