Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

воқеаномаи эпикии замон ва қисмати халқ пазируфта мешавад.

Боре муаллимро «танқид» кардам, ки даҳ сол боз романнавис шудеду ба арвоҳи адабиётшиносӣ фотиҳа хондед. Он кас ҷиддӣ посухам доданд: «Санади фаровони романбобе аз воқеияти асри XIX ҷамъ шуд, онро ё ба ягон кас додан лозим буд, ки нависад ва ё худам мебоист нависам. Аз бачагӣ, ки ба эҷоди бадеӣ завқ доштам ва дар навиштани ҳикояву повестҳо каме таҷриба ҳосил гардид, худам навиштам. Мавзӯъ шакли асарро муайян мекунад, худи он тадқиқи бадеӣ ё пажӯҳиши илмиро тақозо дорад». Аслан эътирози ман аз сабаби дер кашидани таърихи адабиёт буд, вагарна хуб медонистам, ки Расул Ҳодизода шахси ниҳоят пуркори буда, ҳар чизеро ки нависад, бо камоли завқ ва ҳисси масъулиятшиносӣ менависад.

Расул Ҳодизода шахси давраорост. Дар ёд надорам, ки ӯ боре ҳам латифаву мутойиба ва аския гуфта касеро масхара карда бошад, ҳазлҳои рақикро дар суҳбат раво бинад. Гуфтори хуб – лафзи хушмаънии ӯ аз суханпардозиҳои пуртакаллуф орӣ, аз фазилатфурӯшӣ дур, аз ғайбат барӣ ва аз лофу газоф бегона аст. Зарофатро на бо ришханд, балки бо нӯшханд мегӯяд. Суҳбати ӯ нашъаи хирадмандона ва ҷавҳари ошиқона дорад. Дар баҳсу мубодилаи афкор мантиқу бурҳон пеш меорад.

Маълум аст, ки ташаккули шахсияти мардони илму адаб ҳар хел сурат мегирад ва ҳар кас роҳи такомули маънавиро ба тарзи ба худ хос тай мекунад. Муҳити маънавии Самарқанд, ки анъанаҳои ғании бостонӣ дорад, бешак, заминаи файёзе буд, ки Ҳодизодаро ба камол расонд.

Аз нақли муаллим: «Дар хонаи мо солҳои 1938-1939 бисёр вақтҳо аҳли завқ ҷамъ шуда, суҳбатҳои адабӣ меоростанд, шеърхонӣ мекарданд, аз китобу таърих гап

пешина
аз 315
навбатӣ