Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
хоса андешаву афкор ва ақволи аҳли тасаввуф буданд, ғанимат будани ҳар нафаси умрро ба шоистагӣ дарк намуда, ҳамеша пайи таълифу омӯзиш ва эҷод қарор доштанд. Дар канори ба риштаи тадқиқ кашидани муҳимтарин масоили адабиётшиносии тоҷик, ба вижа адабиёти даврони маорифпарварӣ, махсусиятҳои фикрӣ ва ҳунарии осори Аҳмади Дониш, таърихи тасаввуф дар адабиёти форсу тоҷик ва амсоли ин теъдоде аз пажӯҳишоти хешро дар қолиби осори адабӣ тарҳ рехтаанд, ки ин тавфиқ на ба ҳар адиб ва муҳаққиқ даст медиҳад. Ин аст, ки устоди арҷманди мо яке аз давомдиҳандагони роҳи эҷодиёти устод Айнӣ дар таълифи осори насри таърихӣ, хоса ташаккули романи таърихӣ буда, бо офариниши чеҳраи бадеии Аҳмади Дониш дар ду роман «Ситорае дар тирашаб» ва «На ситораҳо мерезанд» хизмати бузурге дар таҳаввули ин навъи наср ба анҷом расонидаанд. Фузун бар ин, дар асари «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ» шарҳи бадеии зиндагиномаи яке аз чеҳраҳои номовари ҷаҳони ирфонро ба қалам овардаанд, ки ин асар ҳам арзиши муҳими бадеиро фарогир мебошад. Бо ин ҳама эҳтимоми шоистаи пажӯҳандагӣ дар таҳияи мутуни адабӣ низ хизмати бузурге ба сомон расонидаанд, ки шурӯъ аз соли 1959 то имрӯз намунаҳои беҳтарини назму насри классикии форсу тоҷикро таҳия ва барои хонандагони арҷманд пешкаш сохтаанд. Ҳатто ба рӯзгори меъёрбандии низоми шӯравӣ ба адабиёт устоди арҷманди мо муваффақ шудаанд, ки намунаҳое аз Маснавии маънавии Ҷалолуддини Румиро дар сурати китоби «Ҳикояҳои халқӣ дар «Маснавӣ»-и Румӣ» дар соли 1963 рӯи чоп оварда, хонандаи вақти тоҷикро бо ин мероси гаронмояи адабиёти ирфонии форсу тоҷик ошно созанд. Ширкати устод дар таҳия ва нашри осори Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, хоса «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки бо нашри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё