Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гирифтааст ва бадгӯӣ низ ба дини ғайру аҳли он раво нест. Барои исботи муддаои худ Аҳмади Дониш ҳиссаи ба мулки Ҳабашия ва ба паноҳи Наҷошии насронӣ фиристода шудани як гурӯҳ мусулмононро аз ҷониби ҳазрати Пайғамбар нақл менамояд ва дар такя ба ояти 82 сураи Моида “Ва ла таҷиданна ақрабаҳум маваддатан ли-л-лазина оману ал-лазина қолу инно насоро золика бианна минҳум қиссисина ва руҳбонан ва аннаҳум ло ястакбарун” (Ва ҳамоно касонеро наздиктарини мардумон дар дӯстии муъминон биёбӣ, ки гуфтанд: “Мо насронӣ ҳастем”. Ин ба сабаби он аст, ки аз ҷинси онҳо донишмандон ва гӯшанишинон ҳастанд ва онҳо такаббур намекунанд.) таъкид мекунад, ки омадани насрониён ба хотири тиҷорат ба Бухоро хилофи шаръи муҳаммадӣ нест ва ибодати онҳо ҳам ба мо зиёне надорад. Дар роман ояти мазкур бо баъзе ғалатҳои техникӣ чоп шудааст. Аз ҷумла, калимаи “қиссисин” дар шакли “қиссасин” чоп шудааст ва қиссис маънии кашишу рӯҳонии насронӣ, меҳтари рӯҳониёни насронӣ ва донишманди онҳоро дорад.

Аҳмади Дониш дар рисолаи “Меъёр-ут-тадайюн” ду ҳикоят роҷеъ ба баҳси донишмандони мусалмон бо қиссисини насронӣ дар мулки Рум овардааст, ки дар ҳар ду маврид ҳам дар баҳс олимони мусалмон ғолиб меоянд ва қайсари Рум ғолибияти онҳоро эътироф намуда, барои бозгашт ба кишварашон мусоидат менамояд. Яке “Матлаб дар рисолати Абӯбакри Боқилонӣ ва муноқашаи ӯ дар Рум бо қиссиси насронӣ” ва дигаре “Матлаб дар мунозараи Шайхи Араб бо пупи насоро” (Меъёр-ут-тадайюн, с. 92 - 104). Дар поёни ҳикояти дуюм қайсар мегӯяд: “Рост мегӯяд ва роҳи ӯро холӣ доред ва мутаарризи аҳволи ӯ мабошед. Ва исломийин ашхосе нестанд, ки шумо онҳоро бо ҷадалу мубоҳаса мағлуб тавонед кард” (Меъёр-ут-тадайюн, 104). Ин ҳам тасдиқи

пешина
аз 315
навбатӣ