Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
— Эҳ, айби шитоб, домулло, — гуфтам ҳиҷолатманд. Гилаи Ҳодизода ҷон дошт ва аз ин зиёд баҳона овардан узри бадтар аз гуноҳ мешуд.
Вай ҷузвдон дар даст рафт. Ва ман акнун ба ёд овардам, ки романи доманадору калонҳаҷми ӯ “Ситорае дар тирашаб”-ро аввал мо пас аз муҳокимаи ҳайати таҳрир дар маҷаллаи “Садои Шарқ” нашр карда будем. Расул Ҳодизода донишманди маъруф зимни баррасии ҳусну норасоии роман андешаҳои ҳайати таҳрирро бо тамкин шуниду ёддошт кард, сипас эродҳоеро, ки ба суди асараш буданд, бафурсат аз назари таҳрир гузаронд. Фарҳанги волои оромона шунидани андешаи ҳамкасбҳо ва ислоҳи норасоиҳо. Роман бо ризоии муаллиф ихтисоран дар чанд шумора интишор ёфт. Сипас эшон қиссаҳои хондании “Парвози Шоҳин” ва “На ситораҳо мерезанд”-ро аз сарнавишти талху печидаи шоири номварру ҷавонмарг Шамсиддин Шоҳин ва олами пурасрору афсонавии шахсияти бузурги рӯҳонии Мансури Ҳаллоҷ бо ҳиссиёту андешаҳои дилангез навишта, дастраси хонанда кард. Заҳмати сангини ковишу эҷод. Зимнан Расул Ҳодизода хазинаи донишу илм буд ва донандаи рӯзгори пуршебу фарози адибону мутафаккирони гузашта. Аз ин хотир ҳам дар риштаи пажӯҳиш ва эҷоди асару образҳои бадеӣ муваффақ мешуду дар тарбияи олимони ҷавон саҳми арзанда мегузошт.
Расул Ҳодизода олими дурандешу хайрхоҳ низ буд. Ман инро ҳангоми ба чоп омода кардани “Куллиёт”-и Шамсиддин Шоҳин дар замони истиқлол бо чашми хеш дидам. Ашъори парокандаи шоирро аз китобҳои гуногун шогирди муаллим муҳаққиқ М. Муҳаммадӣ гирд овард. Вале ёфтани як қисми асосии осори Шамсиддин Шоҳин — қасидаҳо мушкилӣ пеш овард. Банда, ки ҳангоми ҷустуҷӯ ва дастрас намудани нусхаи комили асари насрии Шоҳин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё