Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

изҳори ташвиш накашед. Худи домулло Ҳодизода садри маҳфил мешаванд.

Он рӯз устод Расул Ҳодизода басо хушҳол буду шодмонӣ мекард ва дар ҳақиқат маҳфили унсеро бо риояти тамоми одобу суннат ороставу гардондагӣ кард. Суханрониҳои донишмандони дараҷаи аввали илми филология, устодони арҷманд Муҳаммадҷон Шукурӣ, Раҷаб Амонов, Хуршеда Отахонова, Абдуқодир Маниёзов, Ҷонон Бобокалонова, Усмон Назир, Раҳматулло Қурбонов (намояндаи Вазорати маориф) ва дигарон бо ҳидояту иловаҳои устод Ҳодизода маҳфилро нурборон карда буд. Бахусус, рақси дилошӯби «Танавор»-и устод Расул Ҳодизода бо хонум Умринисо Казакова аз саҳнаҳои басо муАССИРУ хотирмони он маҳфилу он айём буданд. Хушбахтона, ҳар гоҳ сабти ин маҳфили ёдмонро тамошо карда, чеҳраи гарми бузургмардони миллатро пешрӯ мебинаму хумор мешиканам.

Бароям маълум буд, ки Расул Ҳодизода тамоми таълифоташро чӣ илмиву чӣ бадеӣ - худаш дар машинка чоп мекард. Чанд сол пеш дар ҳуҷраи кориаш ба мушоҳида гирифтам, ки ҷои машинкаро компютер ишғол намудааст. Гумон кардам, ки шояд хаста шудаасту минбаъд нигоштаҳояшро набераҳо дар компютер чоп мекунанд, вале ин гумонам ботил баромад. Сухан аз нашри интиқодии девони Рӯдакӣ ва шарҳи луғати ашъораш рафту устод зуд компютерро ба кор дароварда, сидии «Луғатномаи Деҳхудо»-ро гузошт ва аз рӯи он усулҳои шарҳи луғотро бароям фаҳмонид. Баъд аз ин сабаби ба компютер рӯи ниёз оварданашро чунин шарҳ дод: - Чанде пеш писарам Фаридун бароям компютер оварду гуфт, ки минбаъд асарҳоятонро дар ҳамин дастгоҳ чоп мекунед ва афзалияти онро ҳам бароям фаҳмонид. Ман, ки бо машинка одат карда будам, аз он ҷудо шудан

пешина
аз 315
навбатӣ