Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳамин тавр, маҳз бо пешниҳоди устод Айнӣ Расул Ҳодизода аввал аз Тошканд ва пасон аз Маскав ба пойтахти бахти тоҷикон - шаҳри Душанбе омад ва тамоми умри бобаракати хешро аввал дар Институти шарқшиносӣ ва пасон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои кишвар ба омӯзишу пажӯҳиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, таълифи осори бадеӣ, ба чоп омода кардани осори ниёгон, таҳрири асару мақолаҳои ҳамкорому шогирдон, роҳбарӣ ба корҳои илмии унвонҷӯён, тарҷумонӣ ва дарс гуфтан ба донишҷӯёни макотиби олӣ бахшид. Маълум аст, ки заминаи омӯзиши рӯзгори ибратомӯз ва осори баландғояи Аҳмади Донишро устод Садриддин Айнӣ гузошта, ӯро яке аз бунёдгузорони инқилоби фикрӣ ва илмии Бухоро номида буд. Шогирди муваффақи эшон Расул Ҳодизода баъди бозгашт аз Маскав бо амри дил «Наводир-ул-вақоеъ»-ро мутолиа намуд ва ин асар хонандаи закиву хушмандро ончунон шефтаи худ сохт, ки минбаъд сӣ соли расо болои мизи кориаш қарор дошт. Мутолиаи ҳамин асар самти пажӯҳиши минбаъдаи муҳаққиқи ҷавонро муайян намуд ва номбурда ба омӯзиши ҷиддии рӯзгор ва осори Аҳмади Дониш, замон ва давраи адабии ӯ, муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Бухоро ва Русия машғул гардид ва соли 1969 дар мавзӯи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифипарварии тоҷик» рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Боре зимни сӯҳбат бо профессор Расул Ҳодизода сухан аз боби шахсият, корномаи илмиву адабӣ ва иҷтимоии Аҳмади Дониш рафт ва ӯ ба нақли қавл аз устод Айнӣ, ки Аҳмади Донишро «ситораи тобоне дар уфуқи тираи Аморати Бухоро» номида буд, ёдовар шуд, ки ин адиби номвар иллатҳои иҷтимоии замон, нобарорӣ ва беадолатиҳои ҷомеа, пастравии сатҳи илму фарҳанг, тарзи таълиму тадрис дар мактабу мадрасаҳо, асли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё