Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

донишмандони фолклоршиноси Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянӣ ва худи Пажӯҳишгоҳ шомил бошанд. Ба ин муносибат Расулхон Ҳодизода рисолаи бандаро сартосар мутолиа намуда, дар баъзе саҳифаҳо таҳрир ҳам дароварданд. Ва рисоларо барои дифоъ ва чоп тавсия намуданд. Устоди зиндаёд ҳангоме ки аз ҷараёни кор огоҳ гардиданд, маро дилбардорӣ дода: «Ту аз ноҷавонмардии баъзеҳо рӯҳафтода нашав, бемайлон корҳои илмиатро идома бидеҳ, беҳуда бузургворе нафармудааст:

Дар ҷаҳон ҳампешаро бо якдигар дил соф нест,
Мавҷ нагзорад даме бар рӯйи об ойинаро.

Гуфта маро тасаллӣ доданд. Ёдашон ба хайр!

Исматулло ҲИДОЯТОВ

ЗИКРИ ХАЙР

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Солҳои 60-уми асри ХХ дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг намерасиданд. Ҳамон солҳо барои устувор кардани институти гуногуни тадқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ зарурият ба миён омад. Барои пурқувват кардани Академияи илмҳо аз ш. Тошканд ба Душанбе олими шинохтаи тоҷик - академики риёзидони дар миқёси Осиёи Миёна маъруф Умаров даъват ва ба вазифаи Президенти Академияи улуми Тоҷикистон таъйин гардид.
Бо ташаббус ва тибқи фармони мавсуф дар назди бинои Академия шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибонаи

пешина
аз 315
навбатӣ