Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
устод Брагинский буданд. Эшон ҳамчун раиси чандин ҳайати назариявию амалӣ бисёр масъалаҳои ҳалталаби илмиро ба муҳокима ва баррасии олимон мегузоштанд. Доир ба масъалаи «реализм» дар адабиёти форсу тоҷик омезиши суннат ва андешаҳои Шарқу Ғарб дар соҳаи адабиёт баҳсу мунозираҳои созмон дода, худ як силсила мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳо таълиф намудаанд.
Устод Брагинский дар ҷумҳуриҳои Шарқи Шӯравӣ дӯстону шогирдон ва пайравони зиёде доштанд. Аммо робита ва меҳру муҳаббаташон бештар бо Тоҷикистону тоҷикистониҳо буд. Устод Ҳодизода таъкиди дуруст кардааст, ки солҳои ҷавонии Иосиф Брагинский дар Тоҷикистон гузашта буд. «Камолоти маънавӣ ва тахассусии вай низ бо Тоҷикистон марбут буд. Хислати хуби хайрхоҳии ӯ дар нисбати тоҷикон, хусусан ҷавонон бештар зоҳир мегашт. Дармондагонро дар мушкилӣ дастгирӣ мекард, дар Маскав роҳнамо ва мушкилкушои ҳамаи мо буд». (Ҳамон асар, саҳ. 222).
Ҳамин тавр устод Ҳодизода роҷеъ ба ҳамаи устодону ҳамкору ҳампешагони некбини хеш бо як ҷаҳон муҳаббат ва қадршиносӣ сухан рондаанд. Ҳодизода мисли падари бузургворашон некбин буда, ба олимони ҷавони тоҷик дасти ёрӣ дароз мекарданд.
Банда соли 2006 дар мавзӯи «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» рисолаи докторӣ таълиф намуда, ба муҳокима ва баррасии фолклоршиносону адабиётпажӯҳони Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод намудам. Муҳокимаи рисолаи банда ду дафъа бо баъзе сабабҳои то ҳол барои ман номаълум бо фаъолияти яке аз коргарони шӯъба ба таъхир афтод. Дафъаи савум маъмурияти Пажӯҳишгоҳ тасмим гирифт, ки як ҳайати бонуфузи донандагони илмии ин соҳа созмон дода шавад, ки дар ҳайати он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё