Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
А.Д. Маданиев, М.Х. Саидов, Ф.Ф. Ишанкулов, В.П.
Сячин, В.С. Чекалов ва Е.Ф. Шевернев метавон номид,
ки фаъолиятҳои пуршарафи онҳоро идома додаанд.
Дар ҳамон замон дар Хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавой мутахассисоне кор мекарданд, ки муассисаҳои таълимии тахассусии шаҳрҳои Ленинград, Рига, Уляновск ва Кировоградро хатм намуда буданд.
Дар натиҷаи вазъи ноустувори солҳои 90-уми қарни гузашта бисёре аз мутахассисони баландихтисос Тоҷикистонро тарк намуданд, ки дар натиҷа норасоии шадиди мутахассисон дар хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавой (ХҲҲ) эҳсос шуд. Бо мақсади ҳалли мушкилии ба вуқӯъомада Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикистон» омӯзиши танзимгарҳои ҳаракати ҳавоиро (авиадиспетчер) дар Академияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Коллеҷи авиатсионии Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба роҳ монд.
Вақте ки сухан дар бораи рушди аэронавигатсия дар
Тоҷикистон меравад, бояд қайд намуд, ки ҳатто техникаи
мукаммалтарин ва замонавии аэронавигатсионӣ бе
кумаки инсон фаъолият карда наметавонад, зеро тамоми
маълумот дар он тавассути инсон, мутахассисони соҳа
такмил дода мешавад. Барои шахси дур аз ин соҳа
фаҳмидан душвор аст, ки чӣ гуна ҳаракати ҳадафҳо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё