Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

калон гузошт. Бори аввал ба ин ҳуҷҷати муҳим қоидаҳои ҳаракати ҳавоӣ ва идораи ҳаракат дохил карда шуданд, ки он ҳамкории зич ва муайянро байни хадамоти парвоз ва хадамоти идораи ҳаракати ҳавоӣ таъмин намуд. Дастурамали мазкур чандин маротиба аз нав нашр шудааст, зеро ба он баъзе ислоҳот ворид шудаанд. Бо сабаби зиёд шудани талабот ба мутахассисони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, афзоиш ёфтани шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳо, ба истифода додани воситаҳои худкори идоракунии ҳаракати ҳавой (ИҲҲ), инчунин, бо назардошти таҷрибаи бадастомада оид ба ташкил ва мукаммалгардонии идоракунии ҳаракати ҳавой соли 1981 «Дастурамал оид ба хизматрасонии ҳаракати ҳавой дар авиацияи граждании СССР» таҳия ва ҷорӣ карда шуд.

Дар рушди хизматрасонии ҳаракати ҳавой роҳбари якуми он А.Н. Меншиков, ҷонишини ӯ Буковский, К.И. Бездолний, Ф.Н. Клишин, М.Г. Баранов, С.Я. Одегов, А.И. Орехов, Нуников, Субботкин, А.В. Куликов, Зелтсер, Козловский, А.Х. Туляшев, С.П. Столов, Н.С. Денисов, А.Г. Дмитриев нақши муҳим бозиданд. Ҳамаи ин мутахассисон собиқ сарнишинони ҳарбӣ ё гражданӣ ва штурманҳо будаанд. Ворисони аслии онҳоро В.Н. Давидов, В.П. Антипов, Ю.И. Воронин,

пешина
аз 275
навбатӣ