Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
барои анбори нигаҳдории борҳои гароннарх, ҳайвонот ва борҳои хатарнок ва 1203 м² барои ҷойгиршавии утоқҳои хизматӣ пешбинӣ шудааст.
Терминали боркашонӣ бо таҷҳизоти замонавии муоинаи бор (рапискан, сканер, хискан) ва системаи бақайдгирии борҳо, таҷҳизот барои боркашонӣ (тарозуҳои гуногунҳаҷм, нақлиёти махсуси борбардорӣ ва боркашонӣ, яхдонҳо барои нигоҳдории борҳои зудвайроншаванда, борҳои махсус ва ғайра) ҷиҳозонида шудааст. Ҳаҷми коркарди бор дар терминал дар як сол 12 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо бунёд ёфтани терминали сатҳи ҷаҳонӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба маротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди шабакаи васеи хатсайрҳои транзитӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуд.
Бояд гуфт, ки сохтмони терминали боркашонӣ, дар қатори дигар амалҳои ободкоронаи роҳбарияти фурудгоҳ, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пеш гирифта шуданд, дар таърихи навини авиасияи граждании кишварамон бешубҳа, сафҳаи наве боз мекунад. Зеро бунёди ин қабил иншоот дар ҳамбастагӣ бо таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳ ва амалисозии дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё