Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

Соли 1978 Ҳавопаймоҳои Ту-154 ба Душанбе омаданд. Дар ин намуди ҳавопаймоҳо нахустин бор командирои А.А.Никитин, Н.С.
Аверкин, халабони дуввум Н.И. Лупарев, штурман А. А.
Илин, муҳандиси борт Н. А. Шевляков ва алоқачии борт В.М. Блашкевич парвоз намуданд.

Соли 1981 Ба халабон - дастурдеҳи калони инспекцияи ҳавопаймой Борис Николаевич Сазонов унвони Халабони шоистаи ССРР дода шуд.

Соли 1983 Командири Ту-154 Юрий Александрович Соколов бо унвони фахрии Халабони шоистаи СССР сарфароз гардонида шуд.
Ба штурмани асосий Борис Гидович Агоев унвони Штурмани шоистаи СССР дода шуд.

Соли 1984 Ифтитоҳи фурудгоҳи Панҷакент барои ҳавопаймои Як-40.
Муддати парвоз дар Як - 40 аз Душанбе 45 дақиқаро фаро мегирифт, хол он ки мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ дар муддати 13 - 14 соат ин масофаро тай мекарданд.
Дар Душанбе «Сирена» - системаи автоматии бронсозии ҷой дар хатсайрҳои дохилии кишвари шӯравӣ таъсис ёфт, ки ба системаи ягонаи шаҳрҳои вобастаи Москва - Куйбишев, Свердлов, Тошканд, Фрунзе, Ашқобод шомил буд.
Оператори Душанбе мустақиман бо Машинаи электронии ҳисоббарорӣ (ЭВМ) «Сирена», ки дар он тамоми ахбору иттилоъ дар бобати хатсайрҳои Москва ва кулли ҳалқаи фавқуззикр сабт мешуд, гуфтугӯ менамуд.
Фурудгоҳи нави Ашт барои истифодаи ҳавопаймоҳои Як - 40 дар ин ноҳия, ки азхудкунии босуръати заминҳои бекор ва сохтмони иншоотҳои бузурги обёркунӣ суръат мегирифтанд, бунёд гардид. Сардори шӯъбаи истифодаи таҷҳизоти радиотехникӣ ва алоқаи Раёсати ҳавопаймой Владимир Зиновевич Катишев бо Фармони вазири алоқаи ССР бо унвони Радисти шоистаи СССР кадр карда шуд.
Дар Душанбе системаи автоматии бронкунии ҷой дар хатсайрҳои дохили шӯравӣ - «Сирена» ба кор шурӯъ намуд.

Соли 1985 Озмоишҳои истифодаи ҳавопаймои Ан-28 дар шароити Тоҷикистон сурат гирифт.

Соли 1988 гузаштани Раёсати ҳавопаймоӣ ба шароити нави хоҷагидориву барномавӣ. Раёсат дар аэрофлот барои истифодаи босамари ҳавопаймоҳои Як - 40 ва Ан-24 ҷои аввалро соҳиб шуд.

пешина
аз 275
навбатӣ