Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
2 марти
соли 1960
Соли 1962
Соли 1964
Соли 1965
29 июли
соли 1965
Соли 1966
24 октябри
соли 1967
Парвози нахустини ҳавопаймои ИЛ - 18 бо хатсайри Душанбе
- Москва. Аввалин командирони киштии ҳавоии ИЛ-18 М.
Ф. Семенкин, Д.А. Плешаков, Б. Н. Пулков, И.М. Осипов будаид. Дар омӯзиш ва истифода бурдани Ил -18 саҳми мутахассисони авиатсия М. М. Штанко, В.С. Оржинский, Г.
А. Шеянов, А.Д. Баняско, И. А. Максимчук, И.В. Углитский, И.В. Матлаш, В. Т. Сушко, А. Ф. Паламарчук, И. М. Василев, В. И. Стрелник, В. В. Гордов ва дигарон калон аст.
Сайрхатҳои Душанбе - Фрунзе, Алмаато-Новосибирск кушода шуданд. Барои хизматҳои шоён дар соҳаи авиатсияи санитарӣ ҳалабонон Кузнетсов С. Н., Воробьев Б. М., Ивлев В. П, Дорошкин Г. И., Калошин В. М., Заясенко Н.С. бо фармони вазири тандурустии СССР бо нишонҳои фахрии Аълочии тандурустии СССР мукофотонида шуданд.
Дар хатсайрҳои ҳавоии Душанбе - Иркутск... Якутск...
Петропавловск... Магадан ҳавопаймоҳои ИЛ - 18 ба парвоз шурӯъ намуданд.
Дар назди ҳавопаймоии санитарӣ хадамоти наҷот дар кӯҳистон таъсис ёфт.
Ҳайати чархболи МИ-4 бо роҳбарияти И.А.Медов бори аввал дар таърихи экспедисияҳои кӯҳнавардӣ пули ҳавоиро миёни Душанбе ва пиряхи Беляев, ки дар доманакӯҳи девори шимолии қуллаи «Коммунизм» (ҳоло Исмоили Сомонӣ) воқеъ аст, бунёд намуд. Бештар аз як тонна бор ба баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр расонда шуд.
Бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР сардори Раёсати ҳавопаймоии гражданӣ ва Тоҷикистон Алексей Михайлович Лейбенко аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ва яке аз нахустинҳо дар СССР бо унвони «Ҳалабони шоисти СССР» ва бо нишони сарисинагӣ сарфароз карда шуд.
Бо қарори КМ ПК Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои хизматҳои шоён ва муваффақиятҳояш дар мусобиқаи социалистӣ, ба муносибати 50-солагии Инқилоби Кабири Социалистии Октябр аҳли коргоҳи Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон бо Байрақи хотиравии КМ ПК Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва Шӯрои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи шуҷоати меҳнатии ҳавонавардон қадрдонӣ гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо