Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Июн — июли
соли 1932
Дар фурудгоҳи Хоруғ бинои аэровокзал сохта ба истифода дода шуд.
Августи
соли 1932
Бо парвози ҳавопаймои «Р - 5» ба Хоруғ, ки халабонаш А. К. Капулло ва бортмеханикаш А. И. Панфилов буданд, парвозҳои мунтазами мусофирбарии хатсайри Помир оғоз ёфтанд.
3 марти
соли 1933
Ба Душанбе 25 ҳавопаймои «АП» оварда шуд, ки маҳз барои муборизаи зидди малах таъин шуда буданд.
Соли 1933
Парвози ҳавопаймоҳо ба маҳаллаҳои аҳолинишини Сарипул, Шӯрообод, Шуғнов оғоз шуданд. Халабони ин хатсайрҳо А. С. Смирнов буд.
Кушодашавии хатсайри Душанбе — Фархор
Соли 1935
Кушодашавии хатсайрҳои ҳавоии Душанбе - Хуҷанд,
Душанбе-Тавиллара, Душанбе- Чиргатол.
Оғози парвози мунтазам ба Ховалинг
6 — августи
соли 1935
Командири авиазвенои Помир С. И. Любченко парвози ҳавопаймоҳоро дар хатсайри Хоруғ - Мурғоб оғоз бахшида, бо грамотаи фахрӣ сарфароз гардид.
Соли 1936
Таъсиси Раёсати Флоти ҳавоии гражданӣ дар Тошканд.
Барои таълими кормандони ҳавопаймоӣ дар Душанбе маркази омӯзишӣ (УТО) ташкил гардид.
Январи соли
1937
Таъсиси авиасияи санитарии Наркомздрави РСС
Тоҷикистон. Интихоби халабон А. Г. Смагин барои
намояндагӣ дар Шӯрои Олии СССР.
8 марти
соли 1937
Таъсиси Раёсати Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон. Сардораш авиамуҳандис И. И. Сиприянин ва сармуҳандис П. Ф. Краденов таъин шуданд.
Декабри
соли 1937
Таъсиси шӯъбаи сиёсии идораи Тоҷикистонии РФХГ бо сардории М. Ф. Синэгсин.
Соли 1937
Таъсиси иттифоқҳои касабаи кормандони РФХГ, раисаш Яшенков.
Соли 1937
Ба истифода додани бинои куҳнаи аэровокзали фурудгоҳи Ленинобод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо