Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИИ ҲАВОПАЙМОИИ ТОҶИКИСТОН

Марти 1923 «Ҷамъияти русиягии Флоти ҳавой» — «Добролет» бо шӯъбаҳояш дар кишвару ҷумҳуриҳо, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ташкил ёфт.

Июли 1923 Гуруҳи мутахассисони фаннӣ аз Маскав ба Тошканд барои ҷустуҷӯ, таҷҳиз ва боз намудани хатҳои ҳавоии Осиёи Миёнагӣ, аз ҷумла, хатти парвози Бухоро-Термиз-Душанбе омаданд.

Майи 1924 Оғози таҷҳизонидани хатҳои парвози Бухоро-Душанбе аз ҷониби маркази Осиёи Миёнагии «Добролет». Роҳбарии ин корҳоро техникҳои навовари аэроистгоҳи Термиз Владимир Полозов ва афсари гуруҳи ҳавопаймоии ба номи Свердлов лейтенант Котов ба уҳда доштанд. (В.Н. Полозов декабри соли 1925 сардори аэроистгоҳи Душанбе таъин шудааст). Он айём дар масофаи ҳар 10-15 км бо дастбанди сурх бо мақсади муҳофизат аз босмачиён қӯшунҳои ҳарбӣ меистоданд ва бо кумаку дастгирии мардуми таҳҷой майдонҳои ҳавой месохтанд.

Августи 1924 Хатсайри Бухоро — Душанбе аз ҷониби комиссияи Осиёи Миёнагии «Добролет» барои истифода пазируфта шуда, ба он иҷозати парвоз дода шуд.

3 сентябри 1924 Аввалин парвоз бо хатсайри Бухоро - Душанбе тариқи ҳавопаймои «Ю-13» сурат гирифт, ки халабонаш Рашидбек Ахриев ва бортмеханикаш Петр Тихонович Комаров буданд.

Аз 3 октябр то охири соли 1924 Тавассути хатсайри Бухоро - Душанбе 43 парвоз анҷом дода шуда, 216 мусофир, 483 кг бағоч, почта ва дигар намуди борҳо интиқол ёфтанд.

Октябри 1924 Ба воситаи ҳавопаймо ҳуҷҷатҳо дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз пойтахти мамлакати бузурги шӯравӣ Москва ба Душанбе оварда шуданд.

пешина
аз 275
навбатӣ