Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

додаанд. Аз рӯи натиҷаҳои аудит ширкати «Уральские авиалинии» аз Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия сипоснома гирифт.

Маҳз аз ин аст, ки кишварамон бо ин ширкат ҳамкории бисёрсола дорад. Умед мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ширкат аз соли 1996 фаъолиятро оғоз намуд, ки дар пешравии он саҳми Давоян Саманд Мамедович беандоза аст. Ин шахси муътабарро метавон асосгузори намояндагии ширкат дар Тоҷикистон номид. Ширкат фаъолияти хешро аз ҳавопаймои тамғаи ТУ- 154 оғоз намуда, кунун бо ҳавопаймоҳои тамғаҳои муосир парвоз менамояд. Ҳавопаймоҳои ширкати номбурда мунтазам аз санҷишу тафтиш ва нигоҳубин мегузаранд. Ҳамчунин ҷуғрофияи парвоз низ аз як самти Россия оғоз гаштаву оҳиста - оҳиста ҷуғрофияи парвозҳо васеъ шудан гирифту кунун ба 47 шаҳри Россия парвозро амалӣ менамояд.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки ҳадафи намояндагии ширкат дар Тоҷикистон - ин хизмати босифат ба ватан ва мусофирони он мебошад. Ҳамарӯза баҳри он мекушем, ки парвози мусофирон бехатару бароҳат бошад.

Бале, имрӯзҳо ширкат дар кишварамон рушд карда, соҳиби обрӯ ва эътибори хоса гардид. Ва, албатта, обрӯ

пешина
аз 275
навбатӣ