Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

нахоҳад буд ва ҳамзамон бо дигар кас низ вохӯриро таъин намудам. Азбаски бештар дар ҷустуҷӯи маводҳо дар бораи таърихи авиасияи граждании тоҷик будам, гумон доштам намояндаи ширкатҳои хориҷӣ ҷуз фаъолияти бевоситаи худ чизи аҷиберо бароям манзур нахоҳад дошт. Ғайричашмдошт суҳбат бо Умед Лолаев тӯл кашид ва бисёр шавқовар ҳам гузашт. Умедро як одами зиндадил, соҳибкасб ва мутахассиси варзидае дар соҳаи авиасия солҳои зиёд коркардаву таҷрибаандӯхта дарёфтам. Дар бораи таърихи авиасияи тоҷик ҳам чизҳои зиёду ҷолибе медонист ва перомуни он бо шавқ ва муҳаббати беандоза нақл мекард. Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Россия мебошад. Ширкат дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ, нав кардани парки ҳавоӣ ва кушодани хатсайрҳои нави парвозҳо ба шаҳрҳои Россия, кишварҳои ИДМ ва хориҷӣ ҳамасола кор мекунад. Ҷуғрофияи парвозҳо аллакай зиёда аз 200 самтро дар бар мегирад ва ин барои ширкат ҳудуд нест.

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» аз ҳайати авиатсионии Свердловск, ки дар заминаи фурудгоҳи Колтсовои Свердловск соли 1943 ташкил шуда буд, ба вуҷуд омад. Таҳти тамғаи «Уральские авиалинии» ин ширкат аз соли 1993 фаъолият дошта, то

пешина
аз 275
навбатӣ