Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

соҳаро низ бо ёрӯ дӯстон ҷашн хоҳанд гирифт.

Ботур Аҳмедов дар айёми роҳбариаш шогирдони бисёреро тарбия намудааст, ки кунун онҳо дар соҳа фаъолияти пурсамаранд. Мавсуф мегӯяд, ки барои рушди ҳар соҳа, бахусус соҳаи авиация, тарбияи мутахассисони баландихтисос дар мадди аввал бояд бошад.

Ба суоли он, ки кунун замона дигар гашту технологияи муосир ҷойгузини техникаи пешина шуд ва шояд имрӯзҳо кори ҳалабонҳои ҳозира, ки чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷадидро идора мекунанд, нисбат ба ҳалабонҳои собиқ ба маротиба осон бошад, - Ботур Аҳмедов посух дод, ки фикр намекунам, ки кори ҳалабонҳо осонтар гардидааст. Бале, технология пеш рафт ва ҳавопаймоҳову чархболҳои ҷадиду муосир кунун ҳастанд, вале кори ҳалабон ҳамоно мушкил ҳаст. Он замон мушкилоти худро дошт ва ин замон мушкилиҳои худро дорад. Вале ман фикр мекунам, ки он замон гарчанде техника истеҳсоли даври шӯравӣ бошад ҳам, хондану омодагии мо дигар буд. Моро ҳамаҷониба меомӯзонданд ва мо дар кабина ҳангоми парвоз зиёдтар будем. Бортмеханик ҳам буду бортмуҳандис ҳам ва штурман ҳам буд ба ҷуз пилот, бароямон осонтар буд. Ҳоло дар кабина фақат ду нафар мебошанд, ки ин ба

пешина
аз 275
навбатӣ