Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ҳамсуҳбатам фақат аз пешравии корхонаву саҳми роҳбари корхона ҳарф мезаду аз фаъолияти хеш сухане ҳам нагуфт, ки ин худ нишони хоксории як шахси кордону соҳибдил аст. Номбурда соҳиби фарзандону наберагон аст, ки онҳоро низ дар рӯҳияи одобу маърифат тарбия намуда, ба воя расондааст. Ва онҳо имрӯзҳо дар ҷодаи зиндагӣ роҳи некро интихоб намудаанд.

Файзулло Расулов ҳамчун ҷанговари интернатсионалист соҳиби чандин мукофотҳо, медалҳову нишонҳои сарисинагӣ аст. Ин қадрдонӣ гувоҳи хизмати софдилонаи ӯ мебошанд. Бидуни ин, Файзулло Расулов барои хизматҳои софдилонааш дар соҳаи авиасияи миллӣ бо ифтихорномаҳо ва чандин медалу нишони сарисинагӣ сарфароз гардидааст. Месозад гуфт, — зинда бод марди шуҷову хоксор, кордону сахӣ!

пешина
аз 275
навбатӣ