Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Расулов мебошанд. Файзулло - ака дар соҳа аз соли 1983 фаъолияти пурсамарад дорад ва аз соли 2009 то инҷониб, вақте сохтори авиасияи гражданӣ таҷзия гардиду ширкати мазкур ҳамчун як воҳиди алоҳидаи сохтори авиасияи кишвар ба фаъолият шурӯъ намуд, Файзулло Расулов ба ҳайси муовини роҳбари корхона фаъолона, бо дасту дили нек дар рушди ширкат саҳми босазо гузошта то ба ҳол самаранок меҳнат карда истодааст. Номбурда барои рушд ва пешбурди фаъолияти корхона корҳои зиёдеро анҷом додааст. Фаъолияти тӯлониву пурсамар, таҷрибаи кории ғанӣ ва тамоми нозукиҳои касбро омӯхтаву сайқал додааст. Файзулло Расулов дар фаъолияти кории хеш ва вазифаи ба дӯш доштааш ба муваффақиятҳо ноил гардида, имрӯзҳо соҳиби обрӯву эътибори хоса гардидааст.

Ӯ мегӯяд, ки ободии ҳар корхона аз ободии намуди берунаи он оғоз мегардад. Аз ин хотир, мо ба ободонӣ ва кабудизоркунӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамоем. Худи ҳамин сол зиёда аз 500 бех ниҳоли мевадиҳанда ва 500 бех ниҳоли гулҳои ороишӣ шинондем. Ҳамарӯза таҳти роҳбарии директори генералӣ - шахси кордону бомаърифат Илҳомҷон Соҳибов ҳамаи мо барои пешрафти корхона кӯшиш ба харҷ дода истодаем, - мегӯяд, Файзулло Расулов.

пешина
аз 275
навбатӣ