Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

солҳои 1986 - 1992 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил карда, соҳиби маълумоти олӣ низ гардидааст.

Ӯ фаъолиятро солҳои 1981-1986 аз ёрдамчии сарнишини тайёра дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб сар карда, солҳои 1986 - 1991 ба ҳайси ҳалабон - дастурдиҳанда (пилот - инструктор), солҳои 1995 - 2001 ба ҳайси мудири шӯъба оид ба низом ва бехатарии парвозҳо дар ин коргоҳ адои вазифа намудааст. Софдилонаву бо тамоми қувваву нерӯи ҷавониаш заҳмат кашид, омӯхт, таҷриба андӯхт ва ин ҳама заҳмату шабзиндадориҳояш баҳра овард, мева дод, бо шаҳди хосса.

Соли 2001 ба ҳайси Сардори фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб корро оғоз намуд. Ва ниҳоят соли 2008 ӯро Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» таъин намуданд. Вақте ба ин вазифа таъин гашт, фурудгоҳро дар ҳолати табоҳе дарёфт. Корхонаро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд. Вале ӯ аз ин наҳаросид, руҳафтода нашуд, дар таҳлука ҳам науфтод, балки ба кавле миён басту ба кор шурӯъ намуд. Таҷрибаи андӯхтаашро ба кор бурд, баъд аз заҳматҳои зиёд дасташ ба гиребони орзу расид. Маҳз ба туфайли кордонию қобилияти ташкилотчигӣ ва такудавҳои беохиру масъулиятшиносии томи ӯ фурудгоҳ ранги дигар гирифт, рӯз ба рӯз рӯ ба тараққӣ оварда, пеш

пешина
аз 275
навбатӣ