Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Раҷаббек-ака фурӯтан аст ва дар бораи воқеаҳои дурахшону далерона аз ҳаёти худ, ки дар онҳо чун қаҳрамон рафтор мекард, сухан намегуфт. Ва танҳо баъди он ки ба ӯ хотиррасон кардам, ки чархболро дар вазъияти душвор фуруд овардааст, бо табассуми мухтасар дар ин бора сухан ронд ва гуфт, ки бароям ин муҳим нест ва аз ин намеболам. Чунин ҳодисаҳо як қисмати коранд ва ҳама вақт бо ҳама ҳалабонҳо рух доданашон мумкин. Хеле сарбаланд, ифтихорманд аз онам, ки қариб 15 сол боз дар сафарҳо ба манотиқи гуногун Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон парвозҳоро бо чархболи таҳти идораи банда анҷом медиҳад. Магар дар зиндагӣ аз ин унвони баландтаре вуҷуд дорад, ки Сарвари давлат ба ту бовар карда бошад, ба мушкилтарин манотиқ бо чархболи ту сафар кунад, - бо ифтихор ва ҳаяҷон мегӯяд ӯ.
Раҷаббек оиладор ва падари се фарзанду бобои ҳашт набера аст. Яке аз фарзандонаш - Манучеҳр касби падарро интихоб кардааст. Ӯ низ ҳалабон асту дар ширкати «Сомон Эйр» ба ҳайси капитени ҳавопаймои Боинг 737 кор мекунад. Ба акаи Риҷаббеку ҷигарбандаш Манучеҳр ва мусофирони ҳавопаймоҳояш парвозҳои баланду бехатарро таманно дорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ