Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
дар шаҳри Находкаи кишвари Приморский хизмат кардааст.
Орзуи халабон шуданро аз хурдӣ дар замираш мепарварид ва ин орзуяшро ба наздикону дӯстонаш мегуфт. Онҳо ба ин нияташ бо тамасхур менигаристанд, боварӣ надоштанд, ки дар интихобаш устувор асту аз раъяш даст кашиданӣ нест.
Баъди хатми таҳсил роҳ меҷуст, ки чӣ гуна орзуяшро амалӣ намояд ва соли 1979 ба Омӯзишгоҳи авиасияи граждании Кременчук ҳуҷҷат супориду донишҷӯи омӯзишгоҳи номбурда гардид. Солҳои аввал барои як бачае, ки аз диёри кӯҳсор омадааст, таҳсил дар мамлакати дигар мушкил буд. Зеро забони таҳсил ва муошират - забони русӣ буд. Вале ӯ зуд унс гирифт ва баъдҳо аълочии омӯзишгоҳ ҳам шуд. Соли 1982 омӯзишгоҳро бо муваффақият хатм карда, ба ватан баргашт. Қобилияти ӯро ба назар гирифта, аз моҳи августи соли 1982 дар Идораи авиасияи граждании Тоҷикистон дар чархболи Ми-8 ба ҳайси пилоти дуюм ба кор қабул намуданд. Сипас, солҳои 1987 - 1988 дар Афғонистон ҳамчун ҷанговари интернатсионалист кор кардааст. Баъдан, солҳои 1989 - 1990 дар ҳайати Иттиҳодияи геологияи хориҷии СССР дар Эфиопия дар чархболи Ми-8 ба ҳайси пилоти дуюм низ фаъолият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё