Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

он масъала, севумӣ барои ҳолпурсии... ва ҳамаи инҳоро Азиз Набизода бо як дилгармии хоса қабулу гусел менамояд. Саҳлангорӣ ва хунукназарӣ ба корро хуш надорад ва мегӯяд, ки инсон бояд дилбастаи кори хеш бошаду онро самимонаву бо муҳаббат анҷом диҳад, дар акси ҳол натиҷаи дилҳоро ба даст овардан маҳол аст. Ин аст шиори зиндагии ӯ ва онро ба шогирдон низ талқин мекунад.

Чун суҳбати мо бо ин шахс дар арафаи ҷашни 100 - солагии авиасияи граждании кишварамон иттифоқ афтод, аз ҳамсуҳбатамон хоҳиш кардам, ки ҳамчун собиқадори соҳа, ки дар рушди он саҳми назаррас дорад, барои хонандагон аз таърихи авиасияи граждании тоҷик аз кулбори хотираву ёддоштҳояш каме қисса кунад. Зеро ӯ мутахассисе аст, ки соҳаро бо ҳамаи нозукиҳояш хуб медонад. Ӯ ин хоҳиши моро самимона пазируфт.

Азиз Набизода ҳикоят кард, ки аслан, то соли 1991, дар даврони Шӯравӣ дар 15 ҷумҳурӣ раёсатҳои авиасияи гражданӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо низ Раёсати авиасияи граждании Тоҷикистон амал мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1991 дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ мақомоти авиасионии худашон ташкил ёфт.

пешина
аз 275
навбатӣ