Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

шуданд, ки айни ҳол дар корхонаҳои авиатсионии кишвар ва дар хориҷа кору фаъолият доранд. Ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вазифаҳоро дар соли 2024 ба нақша гирифтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта, давлати мо мебошанд, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем ғамхорӣ намоем».

Дар дунёи имрӯз муҳимтарин вазифаи калонсолон, ба вижа падарону модарон ва омӯзгорон аз он иборат аст, ки барои боодобу боахлоқ тарбия ёфтани наврасон ва ҷавонон талош намоянд.

Мо, собиқадорони ҷангу меҳнати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашки кори худ намуда, саъю кӯшиш менамоем, ки вазифаҳои дар нақшаи корӣ пешбинишударо саривақт иҷро намоем.

Месазад, бо ифтихор он собиқадоронеро, ки дар рушди соҳа саҳм гузоштаанд ном барем, инҳо:

Алимов Шуҳрат, Алимов Муҳиддин, Бандалиев Раҷаббек, Баҳромов Бахтиёр, Бирюков Алексей,

пешина
аз 275
навбатӣ