Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

БЕ ПИР МАРАВ, КИ ДАР БИМОНИ...

Собиқадорони меҳнат. Дар зери ин мафҳум, албатта, шахсиятҳое дар тасаввурамон падидор мегарданд, ки тӯли солҳо хизматеро ба ҷо овардаанд. Чунин нафарон барои рушди ин ё он соҳа заҳматҳо кашида, муваффақ гаштаанду барои насли ҷавон дарси ибратанд.

Чун имрӯзҳо ба таърихи соҳаи авиация назар андозем, нек мебинем, ки дар паси ин ҳама тараққиёти соҳа, албатта, саҳми онҳое беҳамтост, ки шабу рӯз дар ин ҷода заҳмат кашидаанд. Барои чунин заҳматҳо месозад, ки собиқадоронро қадр кард, аз таҷрибаи андӯхтаашон сабак омӯхта, кори неки онҳоро наслҳои имрӯз бо ифтихор идома диҳанд.

Азбаски дар арафаи ҷашни 100-солагии соҳаи авиация қарор дорем, ёдоварии аз саҳми собиқадорон дар рушди соҳаро ногузир шумурдем. Ва хушбахтона, ошноӣ бо фаъолияти собиқадорони соҳа он гунае, ки дар тасаввурамон буд, мушкил наомад. Зеро фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар муассиса хеле назаррас аст. Роҳбарии ин Шӯроро яке аз собиқадорони соҳа Рафиқҷон Ҷалолов, ки дар рушди авиацияи гражданӣ нақши босазое дорад ва ҳанӯз ҳам дар ин ҷода заҳмат мекашад, ба уҳда дорад.

пешина
аз 275
навбатӣ