Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ки як нафар олмонӣ сарпарастӣ мекард, таҳсил намуда, ғайр аз забони русӣ забонҳои олмонию туркиро аз худ мекунад.
Баъди хатми омӯзишгоҳи юнкерӣ дар аввали ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок карда, захмдор мешавад ва ба беморхонаи ҳарбии Петроград меафтад. Пас аз сиҳат ёфтан, бо далолати як ҳамшираи шафқат ба мактаби ҳавопаймоии Гатчина қабул мегардад. Мактаби ҳавопаймоиро хатм намуда, дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамчун ҳавонавард иштирок менамояд. Пас аз ин, аз тарафи ситоди Артиши сурхи коргару деҳқон ба Осиёи Миёна ҳамчун ҳавонавард ба кор фиристода мешавад ва ҳамин тавр ӯ нахустин ҳавонаварди ба Тоҷикистон ҳавопаймо оварда мегардад.
Рашидбек Аҳриев баъдан дар округи ҳарбии Витебск хизмат мекунад. Дар охирҳои солҳои 20 - ум ба ҳавопаймоии гражданӣ гузашта, супоришҳои муҳимро иҷро менамояд. Ӯ ҳамчунин мудири қисми таълимии мактаби ҳавопаймоии Харков, сипас дар корхонаи ҳавопаймосозӣ ҳавонаварди санҷишгар кор мекунад.
Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун ҳавонаварди ботаҷриба ба дастаи ҳавонавардии таъиноти махсус шомил мегардад, ки ба он иҷрои вазифаҳои хеле муҳим супорида мешавад. Моҳи феврали соли 1942

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё