Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

асосии «Добролёт» дар Осиёи Миёна иборат аз 18 ҳавопаймо дар Бухоро ҷой гирифта буд. Моҳи сентябри соли 1924 хати ҳавоии Бухоро - Душанбе тайёр карда шуд ва шӯъбаи осиёимиёнагии «Добролёт» онро қабул намуд.

Парвози аввалини ҳавопаймои боркашонии Юнкерс - 13 - ро ба Душанбе 3 сентябри соли 1924 ҳавонавард Рашидбек Ахриев ва бортмеханик Пётр Тихонович Комаров иҷро карданд. Баъд аз ин Рашидбек Ахриев ва ҳавонавардони дигар парвозҳои мунтазамро анҷом медоданд. Рашидбек Ахриев на фақат ҳавопаймои аввалинро дар Душанбе фуруд овард, балки вай ҳуҷҷатҳои таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон, аъзоёни Ҳукумати ҷумҳурии навбунёдро овардааст. Ҳавопаймои вай «Тоҷикистони сурх» пешоҳанги фатҳи хатҳои ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар он замони ноором, ки гурӯҳҳои босмачию роҳзанон ва зидди сохти Шӯравӣ амал мекарданд, муқобили ҳавонавардону ҳавопаймоҳо ҳар лаҳза хатар эҷод мешуд.

Рашидбек Чахович Ахриев соли 1893 дар оилаи олими таърихшинос ва мардумшиноси ингуш Чах Элмурзиевич Ахриев ва духтари полковники артиши рус ба дунё омадааст. Ӯ дар гимназияи Владикавказ,

пешина
аз 275
навбатӣ