Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

озмоишгоҳи корхонаи номбурда гузаронида мешавад.

Пас аз таҳлили ҳамаҷониба гузаштани сӯзишворӣ ва тасдиқи сифат дар озмоишгоҳи (лаборатория) корхона, онро метавон ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории марказии воқеъ дар фурудгоҳ интиқол дод. Ҳавопаймоҳо маҳз аз ҳамин ҷо бо сӯзишворӣ таъмин мегарданд.

Раванди кор дар ин корхона аз овардани сӯзишворӣ оғоз шуда, сипас, маҳсулот аз таҳлилу санҷиш гузаронида мешавад. То ба ҳавопаймоҳо таҳвил додани сӯзишворӣ корҳои зиёди техникӣ анҷом меёбанд, ки ин раванд кори осон нест. Вале дар ширкати мазкур ҳамаи ин равандҳо ба таври замонавиву ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқгардида анҷом мепазиранд. Ба ҳадде, ки агар кас вориди ҳавлии ин корхона гардад, ягон қатраи сӯзишвории рехтаро намебинад. Ҳама ҷо тозаву озода, лӯлаҳо ва ҷойи нигоҳдории сӯзишворӣ низ тозаву озода аст.

Атрофи корхонаро боғу бӯстон ва гулҳои зебо зиннат медиҳанд. Аслан агар кас дар бораи як корхонае, ки бо маводи сӯхту равғанҳои молидании техникӣ сарукор дорад, биандешад, дар тасаввураш як корхонаи бенизому фазояш пур аз бӯи сӯзишворӣ падид меояд ва ин табиист, зеро дар ҷойе, ки гул мекоранд бӯи гул асту дар ҷое сӯзишворӣ бӯи сӯзишворист. Вале чун

пешина
аз 275
навбатӣ