Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Бо вуҷуди мушкилот дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, фурудгоҳи Бохтар аз фаъолият намонда, бо гузашти начандон фурсати тӯлонӣ кори мақсаднокро ба роҳ монда тавонист. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Яке аз самтҳои муҳими тавсеаи имконоти коммуникатсионии кишвар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ буда, зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад.»
Дар таъкиди Пешвои муаззами миллат самтҳои инкишофу рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ равшану возеҳ нишон дода шудаанд. Ба замони имрӯза мутобиқ намудани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, таҷдиди фурудгоҳҳо ва ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ кардани хизматрасониҳо дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба рушди фурудгоҳи шаҳри Бохтар мусоидат кард. Аз ҷумла, дар ин давра хати парвози фурудгоҳ дароз карда шуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё