Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бунёди деворҳои муҳофизатии атрофи корхона бо симтӯр ва симхор исботи гуфтаҳо мебошанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» дар чорабиниҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, ҳамчун як сохтори муҳими давлатӣ дар рушди ҷомеа саҳми назаррас мегузорад. Фурудгоҳ солҳои 2019 - 2020 ва 2021 дар озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар байни корхона ва муассисоти вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал гашта, соҳиби Ифтихорнома ва Вимпели фаҳрӣ гардидааст. Айни замон, дар корхона 174 корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 35 нафар собиқадори соҳаи авиатсияи гражданӣ буда, 38 зан, 80 нафар ҷавон ва 15 мутахассиси касбӣ мебошанд.
Имрӯзҳо кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар вилоят корҳои зиёди ободонию созандагиро анҷом медиҳанд. Аҳли коргоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода талош намуда, дар ҷавоби ғамхориҳои Пешвои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё