Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

реактивӣ гардид. Солҳои 1957 - 1959 ҳавопаймоҳои мусофиркашони турбовинтии Ил - 18, Ту - 114, инчунин сохти О. К. Антонов Ан - 10, Ан - 24 истеҳсол карда шуданд. Дар намоишгоҳи ҷаҳонии Брюссел (соли 1958) Ту - 104, Ил - 18, Ан - 10 ба гирифтани медали тилло, Ту - 114 ба мукофоти олии «Гран - при» сазовор гардиданд. Ҳавопаймоҳои мусофиркашони Ил - 62, Ил - 62М, Ту - 134, Ту - 154, Як - 40 муҳаррикҳои турбореактивии дуконтура дошта, онҳо дар ақиби танаи ҳавопаймо ҷойгир шудаанд.

Аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар хоҷагии халқ чархболҳои сохти М. Л. Мил ва Н. И. Камов (Ми - 1, Ми - 4, Ми - 6, Ми - 8, Ка - 18, Ка - 26 ва ғ.) васеъ истифода мешаванд. Соли 1965 калонтарин дар дунё ҳавопаймои нақлиётии Ан - 22 «Антей» сохта шуд, ки вай 80 тонна бор ё 720 мусофирро бо суръати 740 км/соат ба масофаи 5000 км бенишаст бурда метавонад. Соли 1968 нахустин дар ҷаҳон ҳавопаймои мусофирбари фавқуссадои Ту - 144 парвоз кард, ки суръати парвози он 2300 км/соат ва дурпарвозиаш бо 120 мусофир 6500 км мебошад. Баъдан ҳавопаймоҳои мусофиркашонии Ил - 86, Як - 42 ва боркашонии Ил - 76 ба вуҷуд омаданд.

Дар бораи рушди соҳаи ҳавопаймоӣ сухан ронда гуфтан лозим аст, ки дар Осиёи Миёна ҳавопаймоҳо

пешина
аз 275
навбатӣ