Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

навъи «НОРМАРК» истеҳсоли Норвегия ва Британияи
Кабир насб карда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор
дода шуд;

  • таҷҳизоти радионавигасионӣ ва системаи
    равшаннамоии хати бархосту нишасти фурудгоҳ ба
    воситаи тайёраи озмоишгоҳӣ (лабораторӣ) аз санҷиши
    парвозӣ гузаронида шуданд;

  • тасмаи чархзанандаи тақсимоти бағоҷҳо насб
    ва ба истифода дода шуд.

Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», аз ҳисоби маблағҳои худӣ, дар давраи аз моҳи майи соли 2022 то инҷониб аз дарозии умумии 3063 метри хати бархосту нишасти фурудгоҳ тӯли 2565 метри он мумфарш шудааст. Боқимонда корҳои таъмирӣ дар иншооти хати бархосту нишасти фурудгоҳ дар соли 2024 ба анҷом хоҳанд расид.

Барои мумфаршкунии хати бархосту нишасти фурудгоҳи Кӯлоб дар ин давра дар ҳаҷми 2340 тонна битуми тамғаи БНД 60/90 харид ва истифода карда шуд.
Барои сохтмони таваққуфгоҳи тайёраҳои калонҳаҷм (АН-124) як қисм корҳои заминию ҳамворкунӣ ба анҷом расонида шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамаи маблағҳои
сарфшуда барои бартараф намудани камбудиҳо танҳо

пешина
аз 275
навбатӣ