Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
вале инҳо ҳам дар ояндаи наздик бартараф мегарданд.
Роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» кӯшиш менамояд, ки дар доираи имконоти ҷойдошта бо ташкили хатҳои парвоз талаботи мусофиронро қонеъ намояд. Дар ҳоли ҳозир парвозҳои мо ба самти Федератсияи Россия сурат мегиранд, ки талабот маҳз ба шаҳру вилоятҳои ин давлат зиёд аст. Гуфтушунид дар мавриди кушодани хатсайрҳои нав ба мамлакати Араб, аз ҷумла, ба давлати Қатар ва Чин, инчунин давлатҳои аврупоӣ низ идома дорад.
Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» корҳои зерин дар самти рушди авиасияи тоҷик анҷом дода шудаанд:
-
паҳлуҳои хати бархосту нишаст ба масофаи 1030 метр ва 885 метр паҳлуи перрон мумфарш карда шуд, ки бо ин ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» имкон дорад, тайёраҳои паҳноии болҳояшон то 60 метрро қабул намояд;
-
бинои Хадамоти нақлиёти махсуси ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз таъмири капиталӣ бароварда шуд;
-
се автомашинаи боркаши тамғаи Портер, як автомашинаи борбардор (автокара), як автомашинаи Тойота-королла ва як автомашинаи мусофирбари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё