Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

МАРҲИЛАҲОИ ПЕШРАФТИ
ФУРУДГОҲИ КӮЛОБ

Фурудгоҳи ҳар кишвар муаррифкунандаи фарҳанги ғании аҷдодӣ ба оламиён аст. Маҳз дар ҳамин макон тассуроти аввалини меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар бораи кишвари офтобӣ ва биҳиштсоои мо - Тоҷикистон ва анъанаи хоси меҳмоннавозии тоҷикон инъикос мегардад.

Аз ин хотир, фурудгоҳ пеш аз ҳама бояд обод, тозаву озода, назаррабо ва инъикоскунандаи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои аҷдодиву меҳмоннавозии тоҷикона бошад. Зеро ҳар як меҳмон ё сайёҳ маҳз дар лаҳзаи убури сарҳад ва гузоштани қадамҳои нахустини худ ба хоки муқаддаси мулки ободу осоиштаи тоҷикон бояд эҳсос намояд, ки ба шаҳре зебо, ба сарзамине дилрабо ва ба кишваре бо одамони хушмуомилаву боэҳтиром ворид гаштааст. Меҳмон бояд аз лаҳзаҳои нахустини вуруд ба Тоҷикистон накҳати муаттари сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагии мардуми диёри куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷиконро эҳсос намояд.

Табиист, ки ҳамаи ин ҷузъиёти асосии фурудгоҳро
дар як вақт ташкил намудан ва фаъолияти низомноки

пешина
аз 275
навбатӣ